ФАРЗИ АЙН ТОЧИКИ фарзи айни точики

  • 2.9 MB

    فائل سائز

  • Android 4.0+

    Android OS

About ФАРЗИ АЙН ТОЧИКИ фарзи айни точики

ФАРЗИ АЙН, КИТОБ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ (ФАРЗИ ЪАЙН БО ТОЧИКИ) farzi ain (aini) tojiki

ФАРЗИ АЙН (ТОЧИКИ)

Фарзи ъайни тоҷикиро бо ҳарфҳои кирилӣ бароятон азизон пешниҳод карда қайд карда мегузарем, ки ҳар чизе, ки дар ин ҷой оварда шудааст аз китоб гирифта шудааст.

Китоби Фарзи ъайн

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки барои мусалмонон Фарз худ ин он чизест, ки собит шудааст ба далелли қатъӣ ва шубҳае дар ҳамон далел нест. Ҳукми фарз савоб аст дар ҳолати иҷро кардан, иқоб аст дар мавриди тарк кардан ва куфр аст агар инкор карда шавад. Ба амалҳои фарз мисли намоз хондан, рўза доштан, ҳаҷи Байтуллоҳ кардан, закоти мол додан, амри маъруфи наҳйи мункар кардан.

Фарз ду хел мешавад: Фарзи ъайн ва Фарзи кифоя!

Фарзи ъайн он чизест, ки то худи банда ба ҷо наорад, аз гарданаш соқит намешавад. Масалан намоз хондан.

Фарзи кифоя он чизест, ки як кас ба ҷо оварад аз дигарон соқит мешавад. Мисли намози ҷаноза ва ҷавоби салом.

Ҳамин тавр азизон ба шумо мафҳуми фарз, намудҳои фарз ва худи фарзи ъайн мухтасар гуфта гузаштем ва дар поён бахшҳои асосии динниро қайд намудаем.

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, вал – оқибату лил муттақин, вассалоту вассалому ъало расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.

Яъне, шукр ва сипоси беҳад ба парвардигори ъоламин.

Оқибат ва некӯии охират мар парҳезгоронрост. Ва дуруди бепоён ба пайғамбари Ӯҳазрати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам.

Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим.

Яъне, паноҳ металабам ба сӯи Аллоҳ Таъоло аз шарри шайтон, сифати шайтон ин аст, ки раҷим аст.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Яъне, ибтидо ба номи маъбуди (Худои) барҳақ, ки бахшанда ва ниҳоят меҳрубон аст.

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз.

БИНОИ МУСУЛМОНӢ

Калимаи шаҳодат гуфтан аст, ки “Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу”.

Панҷ вақт намоз гузоридан аст.

Рӯзаи моҳи шарифи рамазон доштан аст.

Закоти мол додан аст.

Тавофи хонаи Каъба кардан аст ҳар киро қудрат ва тавоноӣ бошад, мар зод ва роҳила.

ШАШ КАЛИМАИ ДИНӢ

Калимаи тайиба гуфтан аст, ки “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”.

Калимаи шаҳодат гуфтан аст, ки “Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммада ъабдуҳу ва расулуҳу”.

Калимаи тавҳид гуфтан аст, ки “Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд юҳйӣ ва юмит ва ҳува ҳайю лоямут биядиҳил хайр ва ҳува ъало кулли шайин қадир”.

Калимаи тамҷид гуфтан аст, ки “Субҳоналлоҳи вал ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим, мошо аллоҳу кона ва мо лам яшаъ, лам якун”.

Калимаи истиғфор гуфтан аст, ки “Астағфируллоҳ, астағфируллоҳи таъоло мин кулли замбин азнабтуҳу ъамдан, ва хатоан сирран, ва ъало ниятан ва атубу илайҳи миназзамбиллазӣ аъламу ва миназзамбиллазӣ ло аълам иннака анта ъалломул ғуюб”.

Калимаи радди куфр гуфтан аст, ки “Аллоҳумма инни аъузу бика мин ан ушрика бика шайан ва ана аъламу вастағфирука, лимо ло аълам, иннака анта ъалломул ғуюб ва сатторул ъуюб ва ғаффоруззунуб, ва кашшофул қулуб, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим, мошо аллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун”.

ТАЪРИФИ ИМОН

“Ал-имону иқрорун бил лисони ватасдиқун бил қалби”

Яъне, имон ба забон иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Худои Таъоло якка ва ягона ва Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи васаллам пайғамбари барҳақ аст.

ИМОНИ МУҶМАЛ

“Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳӣ ва сифотиҳӣ ва қабилту ҷамиъи аҳкомиҳӣ ва аркониҳӣ”

Яъне, Худои Таъолоро ба ҳамаи номҳояш ва сифоташ, ки дар Қуръон аст бовар кардам ва ҳамаи фармонҳои ӯро қабул намудам ва аз он чи манъ кардааст, боз истодам.

ИМОНИ МУФАССАЛ

“Оманту биллоҳи ва малоикатиҳӣ ва кутубиҳӣ ва русулиҳӣ вал явмил охири, вал қадари ҳайриҳӣ ва шарриҳӣ миналлоҳи таъоло вал баъси баъдал мавт”.

Яъне, имон овардам ба Худои Таъоло, ба фариштагони вай, ба китобҳои вай, ба пайғамбарони вай ва ба рӯзи қиёмат ва ба тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Худои Таъолост ва ба зинда гардонидани баъд аз мурдан.

مزید دکھائیںکم دکھائیں

What's new in the latest 1.10

Last updated on Oct 2, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

APKPure ایپکےذریعےانتہائی تیزاورمحفوظڈاؤنلوڈنگ

Android پر XAPK/APK فائلیںانسٹالکرنےکےلیےایککلککریں!

ڈاؤن لوڈ کریں APKPure